Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баъди бекор шудани раводиди сафар дар Куба, Ӯзбакистону Кореяи Шимолӣ ҳамоно ин муқарраротро ҳифз кардаанд.

Ҳукумати Куба тасмим гирифт, ки муқаррарори сафари шаҳрвандонаш ба хориҷаро сабуктар ва раводиди сафарро бекор кунад. Тасмими бекор шудани раводиди сафар барои шаҳрвандони Куба яке дигар аз иқдомҳои раҳбари кунунии кишвар Раул Кастро аст, ки батадриҷ қонунҳои ҷорикардаи бародари худ Фидел Кастроро ислоҳ мекунад. Ба қавли мухолифони давлат, ин қарор ҳамакнун роҳи дигарандешон ва норозиёнро ба сафари хориҷа осон мекунад.

Ба ин тартиб, шумори кишварҳое, ки ҳанӯз ҳам аз шаҳрвандонашон барои сафар ба хориҷа гирифтани раводиди сафарро талаб мекунанд, коҳиш ёфт. Вале дар миёни давлатҳое, ки дар чандин соли наздик аз ин муқаррарот даст нахоҳанд кашид, Ӯзбакистон ва Кореяи Шимолӣ ном бурда мешаванд.

Дар Ӯзбакистон, ки ба қавли таҳлилгарон, раводиди сафар як меъёри пешгирикунанда аз фирори мухолифони давлат аст, салоҳияти додани визаи хуруҷ танҳо дар ихтиёри вазорати умури дохилаи ин кишвар аст. Тибқи муқаррарот, чунин иҷозатнома барои ду сол дода мешавад ва 35 доллари амрикоӣ арзиш дорад. Мӯҳлати таҳияи раводиди сафар расман 15 рӯз аст, вале ба гуфтаи шаҳрвандони ин кишвар, дар асл вазъ дигар аст. Баъзе шаҳрвандон мегӯянд, барои гирифтани иҷозати сафар ба хориҷи кишвар маҷбур мешаванд рӯзҳо ва ҳафтаҳо мунтазир шаванд. Дар бисёр маврид дархости шахсиятҳои сиёсӣ, мунаққидони давлат ва ё дигарандешон рад мешавад. Чанд моҳ пеш наққоши шинохтаи Ӯзбакистон Вячеслав Охунов баъди интизориҳои тӯлонӣ натавонист иҷозати берун рафтан аз кишварро ба даст оварад. Ӯ баъдан дар сӯҳбат бо бахши ӯзбакии радиои Озодӣ гуфт, ки тасмими мақомот ангезаҳои сиёсӣ дорад, чун ӯ дар яке аз наққошиҳояш симои духтари президент Гулнора Каримоваро ба шакли мазҳакаомез офаридааст. “Онҳо барои ҳамин наққошии ман қасдгирӣ мекунанд”, гуфт Охунов.

Дар тӯли солҳои истиқлолияти Ӯзбакистон, ба мисли Охунов, садҳо нафари дигар, ғолибан сиёсатмадорону фаъолони ҳуқуқи башар дар гирифтани иҷозати сафар дучори мушкилот шудаанд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки мақомот бо ин роҳ аз фирори мунаққидон ба беруни кишвар, ки маъмулан ошкоро иштибоҳҳои режими Ислом Каримовро интиқод мекунанд, ҷилавгирӣ ва ҳам имкони боздошт ва ба зиндон андохтани онҳоро осон мекунад. Муқаррароти гирифтани раводиди сафар инчунин дар робита бо Тоҷикистон ва Туркманистон ҳам амал мекунад. Яъне шаҳрванди Ӯзбакистон, ки мехоҳад ба Тоҷикистон сафар кунад, дар баробари гирифтани визаи тоҷикӣ, бояд аз мақомоти давлати худ иҷозати сафар бигирад, вагарна сафари ӯ бекор ва ё нақзи муқаррарот арзёбӣ мешавад.

Аз рӯи қонунҳои Ӯзбакистон, шаҳрвандони ин кишвар метавонанд бидуни виза танҳо ба ҷумҳуриҳои шӯравии пешин сафар кунанд. Агар шаҳрванди ин кишвар визаи хуруҷ надошта бошад наметавонад аз тариқи қаламрави Русия ё Украина ба давлати сеюм, Аврупо ё Амрико сафар кунад, зеро Узбакистон аз вуҷуди режими визаи хуруҷ ҳамаи давлатҳоро огоҳ кардааст.

Дар сурати нақзи ин муқаррарот, яъне бе визаи хуруҷ аз Узбакистаон берун шудан шаҳрванд дар ростои таҳдиди 10 соли зиндон қарор мегирад. Бо назардошти ин ҳама, раводиди сафарро як мӯҳри сиёсӣ ҳам мегӯянд, ва дар сурати содир нашудани он, шаҳрванд пай мебарад, ки аз кадом ҷиҳате кори ӯ ба давлат хуш наомадааст.


Визаи хуруҷ дар Тоҷикистон низ мавҷуд буд. Вале ин кишвар бо дархости давлатҳои Ғарбу Аврупо ва САҲА муқаррароти раводиди сафарро охирҳои соли 2002 бекор кард. Ин раводидро Вазорати умури хориҷа содир мекард ва масъулияти гузоштани мӯҳри иҷозатдиҳандаи сафарро дар хориҷи Тоҷикистон консулгариҳои ин давлат ба ӯҳда доштанд.

Радиои Озодӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG