Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши солонаи Ҳуман Райтс Воч нашр шуд


Созмони ҳомии ҳуқуқи башар Ҳуман Райтс Воч (Human Rights Watch) дар гузориши солонааш, ки рӯзи панҷшанбе ба табъ расид, вазъи ҳуқуқи башар дар 90 кишвари оламро арзёбӣ карда, ҳушдор додааст, ки дар мамолики зиёд дастовардҳои демократӣ бо таҳдид мувоҷеҳ мебошанд. Ба қавли муаллифони гузориш дар Ховари Миёна хоҳишу рағбати раҳбарони нави кишварҳои минтақа ба эҳтироми ҳуқуқи башар муайян хоҳад кард, ки натиҷаи Баҳори Араб бунёди ҳукуматҳои демократӣ хоҳад шуд ва ё режимҳои худкома. Созмони менависад, президенти Русия Владимир Путин дар даври нави президентиаш таъқиби фаъолиятҳои шаҳрвандиро тавсеа бахшидааст. Таъқиби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Эрон ҳам мояи нигаронии Ҳуман Райтс Воч будааст. Дар мавриди Афғонистон муаллифони гузориш нокомӣ дар мубориза бо хушунат бар зидди занон ёд шудааст.
XS
SM
MD
LG