Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори ду масъули дигари емгузаронӣ дар Покистон


Маъракаи емгузаронӣ бар зидди полио дар Покистон

Мақомоти Покистон мегӯянд, дар шимолу ғарби минтақаи қабилаҳо ду масъули емгузаронӣ дар натиҷаи таркиши бомбаи канори роҳ ба ҳалокат расидаанд. Ҷавод Алӣ-мудири барномаи мубориза бо полио иброз дошт, ки ду нафари ёдшуда рӯзи панҷшанбе дар деҳаи Малӣ Хели минтақаи Куррам бар асари таркиши маводи мунфаҷири дар канори роҳ ҷой дода шуда, кушта шуданд. То ҳол касе масъулияти ин таркишро бар дӯш нагирифтааст. Аслан Толибон мухолифи маъракаи мубориза бо полио буда, таъкид мекунанд, ки он ба хотири рӯйпӯш намудани ҷосусӣ истифода мешавад. Аз моҳи декабр ба ин тараф дар Покистон камаш 11 масъули емгузаронӣ кушта шудаанд. Покистон, Афғонистон ва Нигерия се кишвари олам мебошанд, ки дар он то ҳанӯз полио решакан нашудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG