Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кевин Клоуз ба раҳбарии Радиои Озодӣ бармегардад


Кевин Клоуз
Кевин Клоуз
Хабарнигори маъруф Кевин Клоуз дубора раёсати Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодиро бар ӯҳда хоҳад гирифт. Шӯрои мудирони радио эълом дошт, ки Кевин Клоуз айни ҳол барои як сол кафили раиси Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ хоҳад буд. Аз ин пеш ҷаноби Клоуз аз соли1994 то соли 1997, замоне, ки Радиои Озодӣ дар шаҳри Мюнхени Олмон мустақар буд, раёсати ин радиоро бар ӯҳда дошт.

Кевин Клоуз аз бозгашташ ба Радиои Озодӣ изҳори қаноатмандӣ карда гуфтааст, кормандони ин радио дар минтақаҳои ҳассоси олам мисли Эрон, Афғонистон, Покистон ва Русия мардумро бо хабару таҳлил ва баҳсу баррасиҳое таъмин мекунанд, ки онҳо аз дигар манобеъ наметавонанд дастрас кунанд.

Раҳбари пешини Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ Стив Корн охири соли гузашта ба истеъфо рафт.
XS
SM
MD
LG