Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии нисбии ҳизби Нетаняҳу дар интихобот


Натоиҷи экзит-поллҳое, ки билофосила баъди анҷоми интихоботи саросарии Исроил нашр шуд, ҳокист, ки ҳизби Ликуди сарвазир Бенямин Нетаняҳу бо касби 31 курсӣ бузургтарин фирқа дар ҳайъати парлумони оянда хоҳад шуд. Ҳизби нави марказгарои Йеш Атид ғайриинтизор бо 19 курсӣ дувум шуд. 17 курсӣ аз 120 курсии Кнессет ба ҳизби низ марказгарои коргарӣ ва 12 курсӣ ба ҳизби тундрави қавмгарои Байти яҳудиёни Нафталӣ Беннетт, ки мухолифи бунёди давлати Фаластин аст, меравад. Ба бовари нозирон, ҳарчанд ҳизби Нетаняҳу пешсаф аст, вале комёбии ғайримунтазираи аҳзоби ростгаро метавонад ташкили эътилофи ҳокими ояндаро дучори мушкил кунад.
XS
SM
MD
LG