Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Исроил вакилони Кнессетро интихоб мекунанд


Дар Исроил интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ идома дорад. Барои 120 курсии Кнессет 30 ҳизб талош мекунад. Ҳизбҳо барои дарёфти мандат бояд ҳадди аққал ду дар сади раъйҳои интихобкунандагонро соҳиб шаванд.

Бар пояи назарпурсиҳои ахир, бештари мандатҳоро эътилофи зери раҳбарии ҳизби “Ликуд”-и нахуствазири феълӣ Бенямин Нетаняҳу дарёфт хоҳад кард. Ба ин эътилоф ҳизби собиқ вазири умури хориҷии кишвар Авигдор Либерман “Хонаи мо Исроил” ҳам шомил аст.

Барои таъмини тартибот ва амният дар сартосари кишвар 20 ҳазор кормандони полис сафарбар шудаанд.

Бенямин Нетаняху баъди он барои баргузории интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ марбур шуд, ки бо аъзои кобинаи вазирон дар бораи буҷаи соли 2013 ба созиш нарасид.
XS
SM
MD
LG