Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саакашвилӣ аз нахуствазири худ ва Русия шикоят кард


Михаил Саакашвилӣ

Михаил Саакашвилӣ

Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури Гурҷистон зимни суханронии худ дар Шӯрои порламонии Аврупо аз Русия ва Бидзина Иванишвилӣ-нахуствазири нави Гурҷистон интиқод кард.

Саакашвилӣ рӯзи душанбе дар ин суханронӣ гуфт, ки Маскав муқаррароти байналмиллалиро дар мавриди қаламравҳои ишғолии Гурҷистон, яъне Абхозистону Асетияи Ҷанубӣ риоят намекунад ва Русия дар он ҷо ба сангарбандиҳои худ идома медиҳад.

Саакашвилӣ ҳамчунин ҳукумати кунунии кишвари худро ба боди интиқод гирифт ва гуфт, ки ҳукумат ба қозиёни додгоҳ ва ба матбуоти мустақил ҳамла мекунад ва муттаҳидони сисёсии вайро интихобан ҳадаф қарор медиҳад.
XS
SM
MD
LG