Пайвандҳои дастрасӣ

Фаъолони озарӣ: Ҷаримаро бо танга хоҳем пардохт


Фаъолони озарӣ мегӯянд, 11 600 манат(ё 14 700 доллар) пули ҷаримаи эътирозгаронеро, ки ҳар кадом тибқи қонуни нави гирдиҳамоиҳо чандсаддолларӣ ҷарима шуданд, ҷамъ овардаанд. Намояндагони ҷунбиши ҷавонон бо номи Тағйироти мусбат ба Озодӣ гуфтанд, дар сурати таъйид шудани ҳукм дар додгоҳи таҷдиди назар пули ҷаримаро бо тангаҳои 5-қапикӣ хоҳанд пардохт. Як манат баробари 100 қапик аст. Бо ҷурми ширкат дар тазоҳуроти 12 январ дар Боку алайҳи маргумири сарбозон беш аз 20 нафарро аз 380 то 760 доллар ва дар маҷмӯъ ба маблағи 13 400 доллар ҷарима бастанд.
XS
SM
MD
LG