Пайвандҳои дастрасӣ

Леонид Развозжаев, аз фаъолони мухолифини Русия тавассути тамоси интернетӣ аз боздоштгоҳи шаҳри Иркутск ба додгоҳи Маскав гуфт, ки аз ҷонаш метарсад. Вале ӯ дар ин бора, ки чӣ хатаре таҳдидаш мекунад, ҷузъиёт надод. Развозжаев моҳи октябр ба далели нақшаш дар ташкили эътирозҳои беиҷозату хушунатомез дар Маскав дастгир шуд. Ӯ ба як ғоратгарии 15 сол пеш дар Иркутск, убури ғайриқонунии марз ва тақаллуб низ айбдор мешавад. Развожаев исрор меварзад, ки мақомот ӯро аз Украина дуздида оварданд ва таҳти шиканҷа ба эътирофи гуноҳ маҷбур карданд.
XS
SM
MD
LG