Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Диловаршоҳ Қосимов ба 26 сол маҳкум шуд


Холмӯъмин Сафаров

Холмӯъмин Сафаров

Диловаршоҳ Қосимов – гумонбари асосӣ дар қатли Холмӯъмин Сафаров- шавҳари хоҳари президенти Тоҷикистон – ба 26 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуд. Додгоҳи олӣ, ҳамин тавр бародарон Муҳаммадтоҳир ва Муҳаммадфозил Ҳакимовҳоро бо ҷурми хабар надодан ба мақомот ва ҳифзи силоҳи ғайриқонунӣ ба 8 ва 3 соли зиндон маҳкум кард. Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи Диловаршоҳ Қосимов гуфт, бо ҳукм розӣ нест ва ба зинаи болотари додгоҳӣ шикоят хоҳад бурд.
Холмӯъмин Сафарови 57-сола, ки раҳбарии муассисаи “Хоҷагии ҷангал ва шикор”-ро ба дӯш дошт, моҳи июни соли 2012 дар як сӯъиқасд дар Душанбе кушта шуд. Диловаршоҳ Қосимов, ки моҳе баъд дастгир шуд, гуфтааст, ки қатли хешованди Эмомалӣ Раҳмонро таҳти шиканҷа ба гардан гирифтааст.
XS
SM
MD
LG