Варзишгари амрикоӣ Ланс Армстронг эътироф кард, ки дар мусобиқаҳо давоҳои манъшудаи беҳбудбахшанда ё худ допинг истифода бурдааст. Рӯзи панҷшанбе аснои сӯҳбат бо телевизиони амрикоӣ Армстронг гуфт, ҳангоми ширкат дар мусобиқаҳои Тур де Франс ӯ воқеан допинг истеъмол намудааст. Армстронг афзудааст, ки то охири умр кӯшиш мекунад, боварии мардумро барқарор кунад.