Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Раҳимов аз фаъолшавии гуруҳҳои террористӣ


Вазири умури дохилӣ аз афзоиши фаъолияти гуруҳҳои террористӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳушдор дод ва ҷомеаи кишварро барои ҳамкорӣ даъват кард. Ӯ мегӯяд аъзои гуруҳҳои террористие, ки аз хориҷ вориди қаламрави Тоҷикистон мешаванд, хеле ба содагӣ дар Душанбе, Қӯрғонтеппа ва вилояти Суғд, ҷойгир шуда ва ҳатто утоқҳоро ба иҷора мегиранд, аммо ҳамсояҳои онҳо намедонанд, дар паҳлӯяшон кӣ зиндагӣ дорад.

XS
SM
MD
LG