Пайвандҳои дастрасӣ

Мусодираи 66 кило бангдона дар марз бо Афғонистон


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд дар марз бо Афғонистон як қочоқбарро бо 66 кило бангдона дастгир кардаанд. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои доихилии Тоҷикистон рӯзи 17 январ, кормандони Раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддири ин вазорат дар натиҷаи як амалиёт дар ҳудуди ноҳияи марзии Шӯрообод, Абдулохир валади Алимаҳмад, шаҳрванди Афғонистонро бо 66 кило бангдона дастгир карданд. Бино ба иттилои манбаъ Абдулохир валади Алимаҳмад дар минтақаи марзӣ қасд дошт 4 халта бангдонаро ба ноҳияи Шӯрообод ворид кунад.
XS
SM
MD
LG