Пайвандҳои дастрасӣ

Дастикам 23 кушта дар ҳамлаҳои имрӯза дар Ироқ


Маҳалли яке аз ҳамлаҳо дар Киркук

Маҳалли яке аз ҳамлаҳо дар Киркук

Силсилаи ҳамлаҳо дар Бағдод ва шимоли Ироқ дастикам 23 кушта ба ҷо гузошт. Рӯзи чоршанбе дар ду бомбгузорӣ дар канори Киркук дастикам 16 нафар кушта ва 190 кас маҷрӯҳ шуд. Мошини аввали бомбгузоришударо маргталаб дар наздикии дафтари ҳизби демократи Курдистони раҳбари минтақа Масъуд Боризонӣ тарконд. Бомби дувум ҳам дар он наздикӣ таркидааст.
Дар ҳамлаи дигари маргталабона дар Туз Хурмату, воқеъ дар тақрибан 75-километрии Киркук, ду нафар куштаву 26 тан захмӣ шуданд. Ва дар се ҳамла дар Бағдод 5 тан ҷон бохтаанд.
Киркуки нафтхез дар 300-километрии шимоли Бағдод маҳалли зисти арабҳову курдҳо ва туркманҳост. Масъулияти ҳамлаҳои ахирро касе ба дӯш нагирифтааст, вале аз мошинҳои бомбгузоришуда маъмулан ҷангиёни суннӣ истифода мекунанд.
XS
SM
MD
LG