Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар амалиёти Мастчоҳ 6 нафар дастгир шудаанд


Мақомот мегӯянд, дар ҷараёни амалиёти рӯзҳои 9-10 январ дар ноҳияи Мастчоҳ 6 нафар боздошт шудаанд. Шариф Назаров, раҳбари пулиси вилояти Суғд рӯзи 16 январ дар нишасти хабариаш гуфт, амалиёт дар Мастчоҳ ҳанӯз идома дорад. Мақомот 3 тан аз боздоштшудаҳоро, ки ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон доданд, ба фаъолиятҳои террористӣ ва 3 тани дигарро ба паноҳ додан ба ин афрод айбдор мекунанд. Додситонии Суғд қаблан гуфт, ки тайи соли 2012 дар ин вилоят 72 нафар бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмонҳои тундрави мазҳабӣ боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG