Пайвандҳои дастрасӣ

Боҷу андоз барои воридоти мошин 33 фоиз мешавад


Мошинбозори Душанбе

Мошинбозори Душанбе

Аз 1 феврал боҷу андоз барои воридоти мошинҳои то 5-сола ба Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт. Муовини аввали раиси Хадамоти гумрук Неъмат Раҳматов гуфтааст, ки ин тасмим бар асоси қарори моҳи декабри ҳукумат аст, ки тартиби соддаи воридоти мошинҳо ба Тоҷикистонро аз байн мебарад. Ба гуфтаи оқои Раҳматов, аз моҳи феврал барои ҳар мошине, ки ба кишвар ворид хоҳад шуд, 18 дарсад андоз аз арзиши изофа, 5 дарсад боҷи гумрукӣ ва 10 дарсад андози аксиз хоҳанд ситонд. Бино ба оморҳо, танҳо дар 11 моҳи соли 2012 ба Тоҷикистон ба маблағи 510 миллион доллар мошин ворид кардаанд, ки назар ба соли қаблӣ 2,2 маротиба бештар будааст. Тоҷирони мошин мегӯянд, афзоиши боҷу молиёт боиси афзоиши башиддати қимати мошин дар бозори Тоҷикистон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG