Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Бангладеш 1 миллиард доллар қарз додааст


Сарвазири Бангладеш хонум Шайх Ҳасина ва президенти Русия Владимир Путин
Сарвазири Бангладеш хонум Шайх Ҳасина ва президенти Русия Владимир Путин
Русия барои харидани силоҳ ба Бангладеш 1 миллиард доллар қарз додааст.
Ин иттилоъро рӯзи сешанбе дар Маскав президенти Русия Владимир Путин баъди музокироташ бо сарвазири Бангладеш хонум Шайх Ҳасина эълон кард. Путин нагуфт, ки Бангладеш кадом навъҳои аслиҳаро аз Русия-дуввумин бузургтарин кишвари содиркунандаи силоҳ дар саросари олам, харидорӣ хоҳад кард. Маскав ҳамчунон ваъда додааст, ки ба Бангладеш барои сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ 500 миллион доллар қарз медиҳад. Тибқи нақша ширкати Росатоми Русия бунёди нерӯгоҳро дар соли 2014-ум шурӯъ хоҳад кард. Нерӯгоҳ дар минтақаи Руппур-200 километрии шимолу ғарби пойтахти Бангладеш, шаҳри Дака, ҷойгир шуда, он аз ду реактори 1 ҳазормегаватӣ иборат хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG