Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии Афви байналмилалӣ аз сарнавишти Қувватов


Умаралӣ Қувватов

Умаралӣ Қувватов

Созмони Афви байналмилалӣ рӯзи 11 январ дар як изҳорот аз сарнавишти Умаралӣ Қувватов, ва раҳбари созмони мухолифин Гурӯҳи 24 изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ӯ дар сурати истирдодаш аз Имороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон ба хатари шиканҷа ё шаклҳои дигари бадрафторӣ дучор хоҳад шуд.
Умаралӣ Қувватов, шарики собиқи яке аз домодҳои президенти Тоҷикистон, ки соли гузашта кишварро тарк кард ва дар Маскав гурӯҳи 24-ро таъсис дод, рӯзи 23 декабр дар роҳи сафар ба Брюссел дар Дубай боздошт шуд. Гурӯҳи 24 алайҳи ширкати Эмомалӣ Рпаҳмон дар интихоботи имсолаи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мубориза мебарад ва ҳомиёни ҳуқуқ ва пайвандони Қувватов мӯътақиданд, ки дархости боздошт ва истирдоди ӯ талоши интиқомгирии мақомоти Тоҷикистон аз фаъолиятҳои сиёсиаш мебошад. Ба бовари Афви байналмилалӣ, Қувватов дар сурати бурда шуданаш ба Душанбе ба хатари ҷиддии нақзи ҳуқуқҳои инсонии ӯ, аз ҷумла ҳабси махфӣ, шиканҷаву бадрафториҳои дигар ва ҳам додгоҳи ноодилона рӯбарӯ хоҳад шуд. Афви байналмилалӣ гуфтааст, “дар суратиистирдоди Қувватов, мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб ӯҳдадориҳои худ ҷиҳати манъи мутлақи шиканҷаву бадрафториҳои дигар тибқи қонуни байналмилалиро поймол хоҳанд кард.”
Ин созмони мақараш дар Лондон аз ҳамагон даъват кардааст, зери як номаи муштарак, ки бо изҳори нигаронӣ аз сарнавишти сиёсатмадори мухолифи тоҷик мақомоти Иморотро ба худдорӣ аз истирдоди ӯ ба Душанбе даъват мекунад, имзо гузоранд.
Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода рӯзи 10 январ тасдиқ кард, ки мақомоти тоҷик ахиран аз Иморот расман истирдоди Қувватовро дархост кардаанд.
XS
SM
MD
LG