Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷири фалаҷшудаи тоҷик наздиконашро меҷӯяд


Муҳоҷири тоҷик, ки бар асари сактаи мағзӣ фалаҷ шуда, забонаш лакнат гирифтааст, ахиран дар бемористони Волгогради Русия тавонистааст, ному насаби худро ба духтурон баён кунад.

Мудири Шӯъбаи бемориҳои асаби беморхонаи клинникии шаҳри Волжси вилояти Волгоград, Станислав Журбенко, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ изҳор дошт, ки вазъи саломатии шаҳрванди Тоҷикистон беҳтар шудааст. Ин муҳоҷири тоҷик худро Кенҷа Ҳамдамов аз ноҳияи Исфараи Тоҷикистон муаррифӣ карда, гуфтааст, як писару як духтар дорад.

Журбенко, изҳор дошт, ки «ин мардро дар авоили моҳи сентябр мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхона овард. Маълум нест, ки ба ӯ чи ҳодисае рух додааст. Дар пайи сактаи мағзӣ, тавассути ҷарроҳӣ аз сараш латнаи хун гирифта шуд. Вазъаш хеле бад буд, вале хушбахтона зинда монд. Ҳоло каму беш ба ҳарф задан шурӯъ кардааст. Чӣ тавре худаш мегӯяд, номаш Кенҷа насабаш Ҳамдамов ва номи падараш Қарабой аст. То имрӯз ягон нафаре пайдо нашудааст, ки аз наздикону хешовандони ӯ бошад. Ӯ суроғаи худро гуфта наметавонад ва мушкил ҳам ҳамин аст. Ҳоло вазъи сиҳатии ӯ хуб аст, мо бояд барвақт ӯро ҷавоб медодем, вале наметавонем ӯро дар берун монем. Агар нафаре аз наздиконаш пайдо шавад ӯро ҳатман ҷавоб медиҳем. Ӯ худаш ҳам хеле мехоҳад ба манзили худ баргардад.»

Намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, мегӯянд омодаанд ин муҳоҷири тоҷикро ба зодгоҳаш интиқол диҳанд. Иброҳим Аҳмадов, сӯхангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Руссия, дар сӯҳбат бо «Озодӣ» гуфт, як намояндаи онҳо, ба ин кор масъул шуда, ба Волгоград ба аёдати ин муҳоҷир рафтааст. Оқои Аҳмадов мегӯяд, эҳтимол дорад ин мард ӯзбакзабон бошад. Ҳоло ӯ ягон мушкиле надорад ва аз сӯйи табибон хуб нигоҳубину табобат мешавад. Аҳмадов илова намуд, ки дар пайи дарёфти ягон нафари наздики ин мард ҳастанд, то тавонанд ӯро ба ватан баргардонанд.

Ба ҳар сурат агар Шумо ин мардро, ки худро Кенҷа Ҳамдамов муаррифӣ мекунад, мешиносед ё дар борааш чизе медонед метавонед тариқи сомонаи "Озодӣ" бо мо тамос гиред ва барои баргардонидани ин муҳоҷир ба зодгоҳаш кӯмак кунед. Станислав Журбенко, мудири шӯъбаи бемориҳои асаби беморхонаи клинникии шаҳри Волжси вилояти Волгоград низ аз нафароне, ки ин шахсро мешиносанд ва дар борааш чизе медонанд хоҳиш дорад, ки бо ин рақам дар тамос шаванд: +790 533 57 668
XS
SM
MD
LG