Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Димон Ашӯров дар Кумитаи амният нигаҳдорӣ мешавад


Наздикони Димон Ашӯров, сокини Хоруғ, ки чанд рӯз қабл аз Чин ба Тоҷикистон истирдод шуда буд, мегӯянд, ки вай ҳоло дар боздошгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад. Ғайрат Ашуров, бародари Димон Ашӯров рӯзи 11-уми январ ба «Озодӣ» гуфт, ки рӯзи гузашта Нозим Навҷувонов, вакили мудофеи Димон Ашӯров ба Додситонии кулл дар мавриди ҷои нигоҳдории зерҷимояташ муроҷиат кард. Вай афзуд, ки дар посух Додситонии кулл маълум кардааст, ки Димон Ашӯров дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Рӯзи ҷумъа вакили мудофеъ бо масъулини боздоштгоҳ суҳбат кардааст ва онҳо вазъи саломатии Димонро хуб арзёбӣ намудаанд. Ба қавли Ғайрат Ашуров, дар ҳоли ҳозир вакили мудофеъи бародараш ба омӯзиши санаду ҳуҷатҳои марбут ба боздошти Димон машғул аст.
XS
SM
MD
LG