Пайвандҳои дастрасӣ

Табобати бемории қанд осонтар мешавад


Донишмандон мегӯянд, пажӯҳиши тарзи кори инсулин дар сатҳи молекуларо кашф намудаанд, ки метавонад дар оянда зарурати доругирии ҳаррӯзаи беморони диабет (касали қанд)-ро аз байн барад. Як гурӯҳи пажӯҳишгарони амрикоиву австралиёӣ иброз доштааст, ки барои аввалин бор дар таърихи башарият ин гурӯҳ муваффақ шуд, харитаи зуҳури инсулин дар дохили ҳуҷайра ва ҷудо кардани қанд аз дохили хунро, ки тавассути инсулин ба амал меояд, тартиб диҳад. Хулосаи ин кашфиёт дар шумораи ахири маҷаллаи "Nature" ба табъ расидааст.
Раиси гурӯҳ Майк Лоренс мегӯяд, ин кашфиёт имкони медиҳад давои наве ихтироъ шавад, ки зарурати тавассути сӯзан ворид намудани инсулин ба тани инсонро аз байн барад. Дар саросари олам тахминан 347 миллион нафар аз бемории қанд азият мекашанд.
XS
SM
MD
LG