Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрикоиҳо аз Пхенян бо дасти холӣ баргаштанд


 Ҳайати амрикоӣ дар Пхенян
Ҳайати амрикоӣ дар Пхенян
Собиқ волии аёлати Ню Мексикои ИМА Бил Ричарсон ва мудири иҷроияи ширкати амрикоии Гугл Эрик Шмидт аз зиёрати хусусии Кореяи Шимолӣ баргаштанд. Ричардсон, ки дар гузашта сафири ИМА дар СММ ҳам будааст, дар Пекин ба хабарнигорон гуфт:
Мо аз Кореяи Шимолӣ шадидан даъват кардем, ки манъи озмоиши эҳтимолии мушакҳои баллистикӣ ва ҳастаиро татбиқ намояд, зеро ин иқдоми муҳим дар ором намудани нимҷазира хоҳад буд.”
Ричардсон афзуд, ки мақомоти Кореяи Шимолӣ Кенет Баеро аз зиндон раҳо накарданд ва имкон надоданд, ки ҳайати амрикоӣ бо ӯ мулоқот кунад.
Бае амрикоии кореягитабор аст, ки моҳи ноябр дар шаҳри Раҷини Кореяи Шимолӣ дастгир шудааст.
Раиси ширкати маъруфи Гугл Эрик Шмидт аз мақомоти Кореяи Шимолӣ даъват кард, ки ба шаҳрвандони ин кишвар истифодаи интернетро таъмин намоянд, то кишвар ба олами беруна пайваст бошад.
Маъмурияти ИМА ин сафар ва вақти онро номуносиб унвон додааст.
XS
SM
MD
LG