Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи комили амрикоиҳо аз Афғонистон имкон дорад


 Мулоқоти президенти Афғонистон бо сенаторони амрикоӣ (10 январи соли 2013)
Мулоқоти президенти Афғонистон бо сенаторони амрикоӣ (10 январи соли 2013)
Дар Вашингтон президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай бо вакилони Конгресс ҳузури минбаъдаи сарбозони амрикоӣ дар ин кишвар ва аз ҷумла шумораи сарбозони амрикоиро, ки баъди соли 2014-ум дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд, баҳс кард. Рӯзи чоршанбе президент Карзай ба таври хусусӣ бо раҳбари ҷумҳурихоҳони Сенат Мич Макконнел ва аъзои кумитаҳои равобити байналмилалӣ ва хадамоти ҳарбии Сенат вохӯрдааст. Раҳбари афғон рӯзи ҷумъа бо президенти ИМА Барак Обама дидору гуфтугӯ хоҳад дошт. Муовини мушовири амнияти миллии президенти ИМА Бен Родз мегӯяд, пешбинӣ намешавад, ки дар ин мулоқот мизони ҳузури сарбозон дар Афғонистон баррасӣ шавад. Родз аз эҳтимол дур намедонад, ки Вашингтон имкон дорад, тамоми нерӯҳояшро аз Афғонистон берун барорад. ИМА ва муттафиқонаш мувофиқат кардаанд, ки дар соли 2014-ум сарбозонашонро ба ватанҳояшон баргардонанд, вале шояд шумори муайяне аз нерӯҳои амрикоӣ баъди соли 2014-ум ҳам дар Афғонистон боқӣ монда, ба артиши афғон дар таъмини назму субот кумак расонанд.
XS
SM
MD
LG