Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозот барои анъанаи ғағ дар Хайбар-Пахтунхва


Маҷлиси вилояти Хайбар-Пахтунхва дар шимолуғарби Покистон қонунеро тасвиб кард, ки барои ғағ – як анъанаи қадими роиҷ дар байни паштуҳо –то 7 соли зиндон ё то 6 000 доллар ҷарима таъйин мекунад.
Ғағ ба мард ҳаққ медиҳад, бо пешниҳоди издивоҷ дар мазҳари омм занро ба ақди никоҳ маҷбур кунад. Ҳомиёни ҳуқуқ ин анъанаро табъиз хонда, мегӯянд, ки он занонро аз имкони издивоҷи хушбахтона маҳрум месозад. Тақрибан 30 миллион паштуҳои Покистон дар Хайбар ва манотиқи қабиланишини атрофи ин вилоят ба сар мебаранд. Анъанаи ғағ хеле кам шудааст, вале ба гуфтаи фаъолон, он то ҳол дар навоҳии ҷануби Хайбар-Пахтунхва ва сарзаминҳои қабилашин вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG