Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии 48 гаравгони эронӣ дар Сурия


Гаравгонҳои эронӣ баъди раҳоияшон дар Димишқ
Гаравгонҳои эронӣ баъди раҳоияшон дар Димишқ
48 эроние, ки аз моҳи август дар дасти чирикиҳои Сурия гаравгон буданд, раҳо ёфтаанд. Онҳоро рӯзи чоршанбе ба меҳмонхонае дар Димишқ оварданд. Сафири Эрон дар пойтахти Сурия дар инҷо бо гаравгонҳои раҳоёфта мулоқот кардааст. Як созмони хайрияи Туркия гуфт, онҳоро дар ивази 2130 маҳбусе, ки дар дасти нирӯҳои содиқ ба раисиҷумҳури Сурия Башор Асад қарор доштанд, озод кардаанд.
Музокирот ба хотири раҳоии ин 48 эрониро, бино ба хабарҳо, Қатару Туркия ва ҳамин созмони имдодӣ пеш мебурданд. Чирикиҳо даъво доштанд, ки эрониҳои асиршуда ба нирӯҳои Сурия кумак мекарданд, вале Эрон исрор дошт, ки онҳо зоиронанд. Теҳрон яке аз пуштибонҳои умдаи режими Сурия аст ва чирикиҳо мегӯянд, Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон фаъолона ба саркӯбии ошӯбҳои зидди режими Асад ёрӣ мерасонад.
XS
SM
MD
LG