Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Р.Бобокалонов ба анҷумани Сарагоса


Вазири обу обёрии Тоҷикистон Раҳмат Бобокалонов дар паёме ба аҳли анҷумани солонаи оби СММ гуфтааст, ҳалли масоили об талошҳои муассиртару хубтар ҳамоҳангшуда ва ҳам иродаи сиёсии қавитар дар тамоми сутӯҳро тақозо мекунад. Анҷумани серӯза дар Сарагосаи Испания, ки аз 8 то 10 январ давом мекунад, нахустин маърака аз силсилаи чорабиниҳои марбут ба Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар масъалаи об аст. СММ соли 2013-ро бо пешниҳоди Тоҷикистон Соли ҳамкорӣ дар масъалаи об эълон карда буд. Ба ин муносибат, рӯзи 22 март, ки дар тақвими СММ Рӯзи байналмилалии об аст, дар қароргоҳи ин созмон дар Ню-Йорк як муколамаи сатҳи олӣ дар мавзӯъи об ва чунин як нишасти дигар дар Ҳейги Ҳолланд баргузор хоҳанд шуд. Дар моҳи августи соли 2013 анҷумани байналмилалии ҳамкорӣ дар масъалаи об дар сатҳи олӣ дар Душанбе барпо хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG