Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хадамот пули як муҳоҷирро аз кордеҳи рус рӯёнд


Маблағи баробар ба 90 ҳазор рубли муҳоҷираи тоҷик баргардонида шуд. Дафтари матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 8-уми январ ба "Озодӣ" гуфт, ки бо мусоидати ин ниҳод аризаи шаҳрванди Тоҷикистон Ҳабибулло Нуралиев маврид бозҷӯӣ қарор дода шуда, аз як соҳибкори Русия 90 ҳазор рубл музди корӣ ба ӯ баргардонида шуд.

Ҳабибулло Нуралиев, сокини ноҳияи Файзобод тайи чанд соли ахир дар як сохтмони вобаста ба Иосиф Шалиев кор мекардааст. Вай дар моҳи ноябри соли гузашта пас аз он, ки Иосиф Шалиев аз пардохти музди кориаш сарпечӣ кардааст, ба Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия расман ариза пешниҳод намуда, тақозои мусоидат барои дарёфти маблағаш кардааст. Дар аризаи худ Ҳабибулло Нуралиев худро ҳамчун муҳоҷири корӣ зикр кардааст, ки аз моҳи август то ноябри соли 2012 дар сохтмони Иосиф Шалиев дар ноҳияи Южное Бутовои шаҳри Маскав фаъолият доштааст.

Аммо Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон бидуни қарордод дар ин сохтмон кор кардааст. Вале бо вуҷуди ин, бо мусоидати Хадамоти муҳоҷират Иосиф Шалиев зарур донистааст, ки музди кории ӯро пурра баргардонад.

Ба иттилои намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар ҳафтаи гузашта бо мусодидати мутахассисони ин ниҳод, аз ширкати «СК СТС» воқеъ дар вилояти Свердловск, 25 ҳазор рубл қарзи шаҳрванди Тоҷикистон Зокир Тоштемиров, сокини ҷамоати Саразми ноҳияи Панҷекатро руёнидааст.
XS
SM
MD
LG