Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушии падарони серфарзанд дар Суғд


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тайи чанд рӯзи охир дар вилояти Суғд ду ҳолати худкушӣ сабт гардидааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилӣ дар ҳар ду ҳолат падарони серфарзанд худкушӣ намудаанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи манбаъ сокини бекори шаҳри Истаравшан, соли таваллудаш 1968, ки падари се фарзанд аст, даст ба худкушӣ задааст. Ҳолати дуюм дар ноҳияи Конибодом ба қайд гирифта шудааст, ки падари 5 фарзанд худкушӣ намудааст.

Дар маҷмӯъ мақомот мегӯяд тайи соли 2012 дар вилояти Суғд 293 ҳодисаи худкушӣ сабт гардидааст.
XS
SM
MD
LG