Пайвандҳои дастрасӣ

Як сол ҳукми афсари пулиси Суғд бо ҷурми шиканҷа


Додгоҳи Хуҷанд як афсари пулиси вилояти Суғдро бо ҷурми шиканҷа ба як соли зиндон маҳкум кард. Ба гуфтаи тафтишот, Хусрав Ниёзқулов як тоҷири 20-солаи маҳаллиро бо гумони фурӯши филмҳои фаҳш дастгир карда, бо муфаттишони дигар тайи ду рӯз дар ҳуҷраи кориаш шиканҷа додааст. Худи афсар бо ҳукми додгоҳ розӣ нест ва ба гуфтаи қозӣ, алакай аз он шикоят бурдааст. Ин дувумин ҳукми додгоҳӣ алайҳи ходимони интизомии Тоҷикистон бо ҷурми шиканҷа аст. Моҳи сентябр бо ҷурми шиканҷаи як ноболиғ афсари пулиси ноҳияи Ёвон Машраф Алиев ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд. Тоҷикистон дар моҳи феврали соли ҷорӣ таҳти исрори созмонҳои байналмилалӣ ба Қонуни ҷиноияш банди алоҳидаи шиканҷаро шомил кард.
XS
SM
MD
LG