Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати давлатии Сурия дар Маскав


Қарор аст, як ҳайати давлатии Сурия дар Маскав бо мақомоти Русия роҳҳои пешниҳодии хатми низоъ дар он кишвари арабиро баҳс кунад. Музокироти ин ҳайъат ба раҳбарии муовини вазири хориҷаи Сурия Файсал Махдад бо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар пешорӯи музокиротест, ки интизор меравад, рӯзи шанбе дар Маскав бо ширкати Ахзар Иброҳимӣ – фиристодаи Лигаи Араб ва СММ дар Сурия – барпо шавад. Иброҳимӣ дар аввали ҳафта аз Димишқ боздид карда буд. Русия, ки ёри қадим ва таъминкунандаи силоҳи режими Башор Асад аст, мегӯяд, ҳадафаш на дифоъ аз Асад, балки ин аст, ки суриягиҳо худ роҳи ҳалли ин низоъро пайдо кунанд. Маскав кишварҳои арабӣ ва Ғарбро барои ҳимоят аз чирикиҳо танқид мекунад.
XS
SM
MD
LG