Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурсӣ сарқонуни нави Мисрро имзо кард


Муҳаммад Мурсӣ
Муҳаммад Мурсӣ
Рӯзи чоршанбе баъди эълони натиҷаҳои назархоҳии умумимардумӣ президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ бо имзояш сарқонуни нави ин кишварро ба ҳукми иҷро даровард. Ин сарқонунро 63,8 дар сади раъйдиҳандагон дастгирӣ кардаанд. Ҷои ёдоварист, ки аз миёни 52 миллион шахси дорои ҳаққи овоздиҳӣ дар Миср дар назархоҳӣ камтар аз сеяки мардум иштирок кардааст. Ҳамчунон рӯзи чоршанбе 90 шахсе, ки аз тарафи президенти Миср ба узвияти Сенат-маҷлиси болоии парламенти ин кишвар пешбарӣ шудаанд, ба иҷрои вазифаҳояшон шурӯъ намуданд. Онҳо бояд қонуни интихоботи Мисрро таҳия намоянд. Дар пайи он маҷлиси поёнии парламенти Миср пароканда шуда, дар ин кишвар то охири моҳи феврал интихоботи нави маҷлиси поёнӣ доир мегардад. Мухолифини Мурсӣ аз эътирофи қонуни асосии нав сарпечӣ намуда, исрор меварзанд, ки он ҳаққи занон ва ақаллиятҳоро нодида мегирад.
XS
SM
MD
LG