Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон як вируси интернетиро зери назорат даровардаст


Мақомоти расмии Эрон мегӯянд, ки онҳо вируси интернетиеро, ки ба компютерҳо дар шаҳрҳои саноатӣ дар ҷануби ин кишвар ҳамла мекард, зери назорат даровардаанд.

Як ниҳоди ҳукуматии Эрон, ки бо ҳамлаҳои интернетӣ мубориза мекунад, гуфтааст, ки “кирм”-и интернетиеро пайдо кардааст, ки дар устони Ҳурмузгон аз соли 2010 ба ин су компютерҳои таъсисоти ҳастаиро ҳадаф қарор медод.

Алӣ Акбар Ахавон-раиси бахши мубориза бо ҳамлаҳои интернетӣ дар устони Ҳурмузгон рӯзи сешанбе ба хабаргузории донишҷӯён гуфт, ширкати Тановири Бандари Аббос, ки барқ тавлид мекунад, аз ҷумлаи таъсисотест, ки моҳҳои ахир мавриди ҳамлаи ин вирус қарор гирифтааст.

Дар давоми соли 2012 ин вирус ба компютерҳои корхонаҳои нафту гази Эрон дар каронаи Халиҷи Форс низ ҳамла кардааст.
XS
SM
MD
LG