Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян хабари ҳабси як амрикоиро тайид кард


Сайёҳон дар марзи миёни Кореяҳои шимолӣ ва ҷанубӣ
Сайёҳон дар марзи миёни Кореяҳои шимолӣ ва ҷанубӣ
Кореяи шимолӣ ҳабси як шаҳрванди ИМА дар қаламравашро тайид кард. Рӯзи ҷумъа хабаргузории марказии кишвар иттилоъ дод, ки шаҳрванди Амрико Бае Ҷун-ҳо 3 ноябр баъд аз вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави Кореяи шимолӣ дастгир шудааст.

Аз ин пеш нашрияҳои чопи Сеул, пойтахти Кореяи ҷанубӣ, дар бораи боздошти Ҷун-ҳо, амрикоии кореягинажод, ки ба ҳайси раҳбалади сайёҳон кор мекард, хабар дода буданд.

Дар изҳороти хабаргузории марказии Кореяи шимолӣ омадааст, ки ҷинояти Бае Ҷун-ҳо бо далелҳо собит гардид ва аммо дар бораи иттиҳом алайҳи ӯ чизе гуфта нашудааст.

Бар пояи хабарҳо, кормандони амниятӣ Бае Ҷун-ҳоро ҳангоми вурудаш ба шаҳри бандарии Расон, ки минтақаи озоди иқтисодӣ дар марзи Кореяи шимолӣ бо Русия ва Чин маҳсуб мешавад, дастгир кардаанд.
XS
SM
MD
LG