Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узвияти Узбакистон дар як созмони минтақавиро боздоштанд


Узвияти Узбакистон дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро расман муттавақиф кардаанд. Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус зимни суханронӣ дар нишасти сарони созмон дар шаҳри Маскав имрӯз гуфт, қарор дар ин замина қабул шудааст. Ба қавли ӯ аз ин пас, “ҳеҷ гуна гузаште барои қабул ба ин созмон, аз ҷумла барои Узбакистон нахоҳад шуд.” Давлати Узбакистон моҳи июн эълом кард, ки узвияташ дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро бозмедорад. Ба паймони низомии мазкур, ки зери таъсири Русия аст, Тоҷикистону Қирғизистон, Қазоқистону Арманистон ва Ҷумҳурии Белорус шомиланд. Бар асоси паймон, тамоми кишварҳои узв дар сурати ҳамлае аз хориҷ бояд ба кӯмаки ҳамдигар бишитобанд.
XS
SM
MD
LG