Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги се мусофир бар асари садамаи автомобилӣ дар Суғд


Бар асари садамаи автомобилӣ дар шимоли Тоҷикистон се тан аз мусофирон ҷони худро аз даст додаанд. Қудратулло Шоев, корманди шуъбаи таблиғотии БДА-и ҷумҳурӣ рӯзи чаҳоршанбе ба "Озодӣ" гуфт, ки рӯзи 18-уми декабр, ронандаи «Опель-Вектра» Аваз Соҳибназаров сокини ноҳия Ашт ҳангоми ҳаракат дар роҳи Дустӣ-Булоқ ба самти муқобил буромада ба автомобили "Мерседес" бармехӯрад. Дар натиҷа мусофирони худрави "Мерседес" Заррина Соҳибназароваи 22-сола, модараш Ҳилола ва омӯзгори мактаб Гулмира Рӯзибоева ҷароҳатҳои вазнин бардошта ва дар роҳ ба сӯи беморхона ҷон медиҳанд. Тайи чанд моҳи гузаштаи соли равон фақат дар шимоли кишвар беш аз 300 ҳодисаи садамаи автомобилӣ рух додааст, ки 50 дарсади ин ҳодисаҳо ба марги шаҳрвандон анҷомидааст. Бар асари ин садамаҳо 134 нафар кушта шуда 338 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG