Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Ҳошими Рафсанҷонӣ аз зиндон раҳо шуд


Меҳдӣ Ҳошимӣ
Меҳдӣ Ҳошимӣ
Писари Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ-раиси ҷумҳури пешини Эрон аз зиндон раҳо шуд. Вай бештар аз ду моҳро дар зиндон сипарӣ кард.

Дафтари додситонии Теҳрон гуфт, Меҳдӣ Ҳошимӣ шоми рӯзи якшанбе баъд аз анҷоми расидагӣ ба парвандааш бо васиқа раҳо шудааст.

Меҳдӣ Ҳошимӣ моҳи сентябр баъд аз бозгашташ дар фурудгоҳи Теҳрон боздошт шуда буд. Вай барои даст доштан дар созмондиҳии тазоҳуроти эътирозии соли 2009 муттаҳам дониста мешавад.

Ин тазоҳурот баъд аз интихоботи зиддунақизи соли 2009 баргузор шуда буд. Меҳдӣ Ҳошимӣ се соли гузашта дар Британия ба сар мебурд.

Ҳоло Фоиза Рафсанҷонӣ-духтари Ҳошими Рафсанҷонӣ барои таблиғоти зидди давлатӣ шаш моҳи зиндонро сипарӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG