Пайвандҳои дастрасӣ

СПАД қатъи узвияти Узбакистонро баҳс мекунад


Тамрини муштараки кишварҳои узви СПАД дар Арманистон

Тамрини муштараки кишварҳои узви СПАД дар Арманистон

Раҳбарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) 19-уми декабр дар Маскав вохӯрда, дар иҷлосияи амнияти дастҷамъӣ рушди ҳамкориҳои низомӣ ва ба вижа аксуламал ба вазъиятҳои фавқулода ва ҳамчунон масъалаи узвияти Узбакистон дар ин созмонро баҳс мекунанд.
Сухангӯи ин созмон Владимир Зайниддинов ба хабарнигори Тар тасс гуфтааст, ки барои ширкат дар нишасти рӯзи чоршанбеи оянда аъзои Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ-президентҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон даъват шудаанд.
Раҳбарони давлатҳо рушди ҳамкориҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ то соли 2020-ум ва таҳаввулоти эҳтимолӣ дар самти Афғонистон баъди беруншавии нерӯҳои паймони НАТО аз ин кишварро арзёбӣ мекунанд.
Ҳамчунон Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ аризаи беруншавии Узбакистон аз ин созмонро, ки дар моҳи июн матраҳ шудааст, баррасӣ мекунад. Дар нишасти Маскав Қирғизистон барои як сол раҳбарии Шӯрои амнияти дастаҷамъиро ба дасти худ мегирад.
XS
SM
MD
LG