Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситораи опера- Галина Вишневская вафот кард


 Галина Вишневская ( акс аз соли 1965)
Галина Вишневская ( акс аз соли 1965)
Ситораи операи русӣ дар асри бистум Галина Вишневская дар синни 86-солагӣ вафот кард. Ӯ яке аз овозхонҳои маъруфтарини операи Русия ва ҳамсари ҳунарманди виолончелнавоз Мстислав Ростропович будааст. Онҳо одатан ҳамроҳ ҳунарнамоӣ мекарданд. Ин ҷуфт дар соли 1974 Иттиҳоди Шӯравиро тарк намуда, ба ИМА ва Париж ҳиҷрат намуд. Вишневская дар театрҳои ИМА чандин нақши муҳимро офаридааст. Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ Вишневская бо шавҳараш ба Маскав баргашта, “Маркази операи ба номи Галина Вишневская”-ро боз намуд.
XS
SM
MD
LG