Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Э.Раҳмон гуфт, то соли 2015 синфи миёна зиёд мешавад


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд то соли 2015 табақаи миёнаҳол дар кишвар аксариятро ташкил хоҳад дод.

Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, 11-уми декабр, зимни ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди президенти Тоҷикистон, зикр намуд, ки таи 10 соли охир сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 81 то 42 фоиз коҳиш дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтааст, ки барои коҳиши сатҳи камбизоатӣ, давлат таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилиро аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии худ қарор додаааст. Раисиҷумҳур афзудааст, ки новобаста аз тадбирҳои андешидашуда дар бозори истеъмолӣ ҳанӯз ҳам зуҳуроти сунъие арзи вуҷуд доранд, ки дар фазои иқтисодии мамлакат мушкилиҳо эҷод менамоянд.

Ӯ афзоиши нархи маводи ғизоиву сӯзишворӣ ва эҷоди монеаҳои сунъӣ дар интиқоли маводи ниёзи мардум тавассути роҳи оҳанро аз ҷумлаи омилҳое хондааст, ки ба суботи бозори истеъмолӣ ва ҳолати иҷтимоӣ дар кишвар халал ворид менамоянд.
XS
SM
MD
LG