Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоизаи Сулҳи Нобелро ба Иттиҳодияи Аврупо супурданд


Имрӯз Ҷоизаи Сулҳи Нобел дар соли 2012 расман ба раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо супурданд. Расми тақдими ин ҷоизаи мӯътабар дар шаҳри Ослои Норвегия сурат гирифт ва Тйорбйорн Ягланд, раиси Кумитаи Нобел ҷоизаи 1 миллиону 200 ҳазор доллариро ба Ҳерман Ван Ромпуи, раиси Шӯрои Аврупо, Хосе Мануэл Бароссо, раиси Кумиссиёни Аврупо ва Мартин Шултз, раиси Порлумони Аврупо супурд. Кумитаи Нобел, моҳи октябр эълом кард, ки Ҷоизаи Сулҳи Нобелро барои истиқрору таҳкими сулҳ дар Аврупо, ки дар ду ҷанги ҷаҳонӣ вайрон шуда буд, ба Иттиҳодияи Аврупо ва созмонҳои бунёдгузори он сазовор донист. Аммо мунтақидон бо зикри он ки Иттиҳодияи Аврупо аз як бӯҳрон ба бӯҳрони дигар меафтад, гуфтаанд, ки иттиҳодия сазовори ин ҷоиза набуд. Дар расми тақдими ҷоиза тақрибан аксарияти раҳбарони 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ҳузур доштанд.
XS
SM
MD
LG