Пайвандҳои дастрасӣ

Патрушев: Эҳтимоли "инқилоби ранга" дар Тоҷикистон зиёд аст


Дар Русия ва дигар кишварҳои Ҷомеъаи муштаракулманофеъ эҳтимоли рӯх додани “инқилобҳои ранга” боқӣ мемонад. Ии изҳороти дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев дар Маскав, дар мулоқоти афроди қобили эътимоди раисиҷумҳур, садо дод. Ӯ ба эҳтимоли инқилобҳои ранга дар се кишвар – Қирғизистон, Украина ва Тоҷикистон таъкид кард.

Ба гуфтаи Николай Патрушев, ҳаводиси ин кишварҳо барои Русия хатарбор аст ва дар ояндаи наздик ин мавзӯъ мавриди таваҷҷуҳи Маскав қарор хоҳад гирифт. Ӯ афзуд, ки Русия ҷараёни низоъҳо дар шимоли Африқо ва Ховари Миёнаро низ таҳти назорат хоҳад дошт.

Дабири Шӯрои амнияти Русия парокандасозии намоишҳои ғайриқонунии мухолифинро “дуруст” номид ва гуфт, ки “дар дигар кишварҳо ҳангоми саркӯбсозии намоишҳо одамонро маъюбу маслуқ мекунанд”.
XS
SM
MD
LG