Пайвандҳои дастрасӣ

Артиши Миср аз тазоҳуркунандагон хост, майдонро тарк кунанд


Дар ҳоле ки майдони атрофи кохи раёсатҷумҳурии Миср дар Қоҳира ба саҳнаи даргириҳои хушунатомез миёни тарафдорон ва мухолифони президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ табдил ёфтааст. Артиши Миср аз тазоҳуркунандагон талаб кард, ин минтақаҳоро тарк кунанд.

Дар канори Кохи раёсатҷумҳурии Миср тонкҳову зиреҳпӯшҳо мустақар шудаанд. Бино бар гузориши Вазорати тандурустии Миср, рӯзи чоршанбе бар асари бархӯрди ҷонибдорон ва мухолифони Мурсӣ дасти кам панҷ нафар кушта шуда ва тақрибан 350 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Мухолифон зидди густариши бесобиқаи ваколатҳои раисиҷумҳур даст ба тазоҳурот задаанд. Муҳаммад Мурсӣ ҳамчунин тарҳи Қонуни асосии Мисрро пазируфт, ки дар он ба гуфтаи мухолифон, аз ҳуқуқҳои занону ақаллиятҳои миллӣ сарфи назар шудааст. Раисиҷумҳур ҳамчунин тасмим гирифт, ки рӯзи 15-уми декабр дар робита ба Қонуни асосӣ раъйпурсӣ баргузор шавад.

Дар ҳамин ҳол гурӯҳҳои гуногуни сиёсии Миср талош доранд, бо таъсиси як эътилоф раисиҷумҳурро ба гуфтушунид даъват кунанд. Онҳо мегӯянд, мақсад доранд, аз густариши даргириҳо ва афзоиши хушунат дар Қоҳира пешгирӣ кунанд. Тақрибан ду сол пеш дар Миср эътирозҳои густурда шурӯъ шуданд, ки дар пайи онҳо моҳи феврали соли 2011 раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак маҷбур шуд, ба истеъфо равад.
XS
SM
MD
LG