Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори дигарбораи Ҳилларӣ Клинтон ба Сурия


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико мегуяд, кишвараш аз он нигарон аст, ки мумкин аст, Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия дар сурати ноумедӣ аз аслиҳаи кимиёвӣ истифода кунад: “Нигаронии мо ин аст, ки режими Асад, ки рӯз ба рӯз маъюстар мешавад, ба истифодаи силоҳи кимиёвӣ рӯ биёрад ва ё контроли онро аз даст бидиҳад ва аслиҳа ба дасти яке аз бисёр гурӯҳҳое биафтад, ки дар дохили Сурия амал мекунанд.” Ҳилларӣ Клинтон гуфт, Амрико ба Сурия возеҳ кардааст, ки дар сурати истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ аз “хати сурх” убур хоҳад кард. Ӯ ҳамчунин гуфт, режими Башор Асад суқут хоҳад кард, вале суол ин аст, ки то он вақт чанд нафари дигар ҷон хоҳанд дод. Муноқиша дар Сурия ба Лубнони ҳамсоя сироят кардааст, ки дар шаҳри Троблуси он дар ду рӯзи гузашта дар даргирӣ миёни афроди мусаллаҳи тарафдорони ҳукумат ва мухолифони Сурия дасти кам 5 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG