Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун: "Бояд барои "фалокатҳо" омода шуд"


Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, мегуяд, ҳавои фавқуллода дигар як “чизи маъмулӣ” шудааст ва акнун фурсати он аст, ҳукуматҳо дар саросари кишварҳои ҷаҳон ҷиҳати омода шудан ба хатароти ингуна ҳаво тадбир биандешанд. Бан Ки Мун дар ин бора дар Қатар дар ҳузури ҳайъатҳои миллӣ суҳбат кард, ки сари аҳдномаи нав дар мавриди коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ музокирот доранд. Ӯ зимни суханрониаш дар рӯзи сешанбе гуфт, обшавии рекордии яхистони Арктика, туфонҳои саҳмгин ва болоравии сатҳи баҳрҳо, аломатҳои тағйири иқлим аст. Бан Ки Мун афзуд, аломатҳои тағйири иқлим дар ҳамаҷо дида мешавад, сар аз хушксолӣ дар Амрико то ба Ҳинд ва аз Украина то Бразилия.” Дабири кулли Созмони Милал афзуд, ҳеҷ кас дар рӯи курраи Замин аз паёмадҳои тағйири иқлим эмин нахоҳад буд. Дар шаҳри Доҳаи Қатар, намояндагони кишварҳои ҷаҳон масъалаи тамдиди Протоколи Киоторо баррасӣ мекунад, ки мӯҳлати эътибори он рӯзи ҷумъа ба поён мерасад. Ин аҳднома коҳиши партоби газҳои гулхонаиро дар назар дорад.
XS
SM
MD
LG