Пайвандҳои дастрасӣ

СММ хостори тафтиши муассисаҳои ҳастаии Исроил шуд


Маҷмааи кулли СММ дар як қатънома аз Исроил даъват кард, ки ба Созиши паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ ҳамроҳ шавад. Дар ин санад ҳамчунин ба зарурати тафтиши барномаи ҳастаии Исроил аз сӯи нозирони байнулмилалӣ таъкид шудааст.

Аз қатъномаи Маҷмааи кулл 174 кишвар пуштибонӣ карданд, шаш кишвар, аз ҷумла, Исроил, ИМА ва Канада зидди он раъй доданд ва шаш кишвари дигар аз оаоздиҳӣ худдорӣ намуданд.

Қатъномаи Маҷмааи кулли СММ барои иҷро ҳатмӣ нест ва аммо баёнгари муносибати бештари кишварҳо ба ин ё он мушкил аст.

Исроил соҳиби силоҳи ҳастаӣ буданашро то ҳол расман иқрор накардааст ва аммо сару садоҳо дар бораи захираи ин гуна силоҳ дар Исроил солҳо боз паҳн мешаванд.
XS
SM
MD
LG