Пайвандҳои дастрасӣ

Эрониҳо боз як ҳавопаймои бесарнишинро маҷбур ба фуруд карданд


Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон хабар доданд, ки дар ҳарими ҳавоии кишвар дар халиҷи Форс як ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ ба дасташон уфтод. Сипоси посдорони инқилоб мегӯяд, ки ҳавопаймои бесарнишини ScanEagle, як ҳавопаймои хурд ва сохти кӯҳнаро барои фуруд омадан маҷбур сохтанд. Контр-адмирал Алӣ Фадавӣ ба хабаргузории Форс гуфтаааст, ки ин ҳавопаймои бесарнишин аз ин пеш дар халиҷи Форс ба ҷамъоварии иттилои сиррӣ машғул буд.

Мақомоти ИМА алҳол ин ҳодисаро ташреҳ накардаанд. ScanEagle аз сӯи як филиали ширкати Боинг сохта шудааст.

Алӣ Фадавӣ ҳамчунин гуфт, ки ин гуна ҳавопаймоҳои бесарнишин, таври маъмул, аз киштиҳои бузурги низомӣ парвоз мекунанд.

Моҳи гузашта азорати дифоъи Амрико хабар дод, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Эрон ба як ҳавопаймои бесарнишин ва ғайримусаллаҳи ИМА дар Халиҷи Форс ҳамла кардаанд. Ҷорҷ Литл сухангӯи вазорат ба хабарнигорон гуфт, ки ин ҳодиса дар фазои қаламравҳои обии байналалмилалӣ ва тақрибан 26 километр дуртар аз соҳили Эрон сурат гирифт. Ба ҳавопаймои бесарнишини "Предатор" тир нарасидааст ва он беосеб ба пойгоҳ баргашт."

Cоли равон нерӯҳои мусаллаҳи Эрон як ҳавопаймои бесарнишини муосири амрикоиро барои фуруд омадан маҷбур сохта буданд.
XS
SM
MD
LG