Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Украина ба истеъфо рафт


Ҳукумати Украина ба истеъфо рафт. Дар ин бора имрӯз Виктор Янукович, раисҷумҳури Украина, амр содир кард.

Аз ин пеш нахуствазир Николай Азаров ба сарвари кишвар аризаи истеъфоро пешниҳод кард ва тасмими худро бо узви парлумон интихоб шуданаш марбут кард. Бар пояи Қонуни асосии Украина, баъд аз пазируфта шудани истеъфои нахуствазир ҳама аъзои ҳукумат ҳам мақомҳояшонро тарк мекунанд. Виктор Янукович дар фармони худ аз аъзои ҳукумат хостааст, ки то ташкили ҳукумати нав иҷрои вазифаҳои худро идома диҳанд.

Тасмим дар бораи ташкили ҳукумати нав баъд аз ташкили Раёсати Верховная радаи нав ва интихоби раиси парлумон гирифта хоҳад шуд. Дар ин бора раиси Верховная Рада Владимир Литвин хабар дод.
XS
SM
MD
LG