Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳиллари Клинтон озими Аврупо шуд


Ҳиллари Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, озими Аврупо шуд ва қарор аст, дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви НАТО ширкат кунад. Қабл аз ҳузур дар ин нишаст дар Брюссел, Ҳиллари Клинтон дар шаҳри Прага бо мақомоти баландпояи Ҷумҳурии Чех масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаи энержиро баррасӣ хоҳад кард. Дар нишасти НАТО, дархости Туркия барои ҷойгир кардани системаи зиддимушакии Патриот дар марз бо Сурияро баррасӣ хоҳанд кард. Ҳамчунин қарор аст, хонум Клинтон рӯзи сешанбе бо Ҳино Раббонӣ Хор, вазири умури хориҷии Покистон дидору мулоқот кунад. Аз инҷо Ҳиллари Клинтон ба шаҳри Дублини Ирландия меравад ва дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ширкат мекунад.
XS
SM
MD
LG