Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интизор меравад, ки Миср тарҳи Қонуни Асосиро эълон кунад


Дар Миср раиси Шӯрое, ки пешнависи Қонуни Асосии нави ин кишварро таҳия мекунад, изҳор доштааст, ки таҳияи ин пешнавис рӯзи чаҳоршанбе ба поён мерасад.

Ин дар ҳолест, ки тазоҳуроти эътирозӣ бар зидди фармони Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳур идома дорад. Вай дар ин фармон салоҳиятҳои худро чун раиси ҷумҳур бештар кардааст.

Мурсӣ пофишорӣ дорад, ки ин салоҳиятҳои худро то рӯзи ба тасвиб расидани Қонуни Асосии нав дар райпурсӣ нигоҳ хоҳад дошт.

Амр Мусо яке аз раҳбарони мухолифони Мурсӣ аз узвияти Шӯрои таҳияи Қонуни Асосӣ хориҷ шуд ва интиқод кард, ки набояд пешнависи ин қонун ба ин шитобзадагӣ таҳия шавад.
XS
SM
MD
LG