Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаро солшумории мо ҳиҷрии қамарӣ нест?


Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад

Соли нави ҳиҷрии қамарӣ 15 ноябр фаро расид. Иттифоқе ки аксарияти кул аз мардуми Тоҷикистон аз он хабар наёфтанд.

То замони таҷлил аз Соли нави милодӣ каме бештар аз як моҳи дигар боқӣ мондааст. Бо вуҷуди он ки зиёда аз навад дарсади сокинони Тоҷикистон мусалмонанд, ин ид маъмулан дар сартосари кишвар бо шукӯҳи хос таҷлил мешавад.

Аммо дар остонаи ин ид Муҳибуллоҳи Қурбон, сардабири торнамо ё сайти расмии ҲНИТ, аз шаҳрдории Душанбе хостааст, имсол дар маркази пойтахт арчаи солинавӣ наороянд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, “дар Душанбе тахмин то се дарсади аҳолӣ русзабон буда, боқӣ ҳама мусалмонем. Ва шинондани арча ва таҷлили иди соли нави милодӣ барои ҷавонони мусалмони тоҷик маъное надорад.”

Муҳибуллоҳи Қурбон дар идомаи пешниҳоди худ гуфтааст, аз сӯи дигар шинондани арчаи солинавӣ дар маркази шаҳр харҷи зиёде дорад, ки беҳтар аст, ин маболиғ ба кори дигар ва ё кӯмак ба солмандони танҳои масеҳӣ дар кишвар сарф гардад.

Вале ин пешниҳод дар ҳоле садо медиҳад, ки имсол соли нави ҳиҷрии қамарӣ 15 ноябр фаро расид. Иттифоқе ки аксарияти кул(л) аз мардуми 97 дарсад мусалмони Тоҷикистон ҳатто аз он хабардор нашуданд. Солшумории ҳиҷрии қамарӣ дар замони ҳазрати Умар пайдо шуда, аз рӯзи ҳиҷрати Паёмбар аз Макка ба Мадина, яъне аз 1 моҳи муҳаррами соли 622 ҳисоб мешавад. Фарқият ё тафовути ин солшуморӣ аз солшумориҳои дигар, ба қавли рӯҳониёни тоҷик, ин будааст, ки солшумории ҳиҷрии қамарӣ аз рӯи гардиши моҳ, яъне қамар ҳисоб карда мешавад, на офтоб.

Дар сӯҳбате, ки бо рӯҳонӣ Мавлавии Муҳаммадалии Файзмуҳаммад доштем, аз ӯ хостем, дар бораи солшумории ҳиҷрии қамарӣ иттилои бештаре диҳад. Посухҳоро бо пахш кардани ин линк бишнавед:

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG